Ба гузориши Ховар ба нақл аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоӣ Ҷазира Эйрвейз «Jazeera Airways» Кувайт аввалин парвози худро дар масири Кувайт-Душанбе-Кувайт дар таърихи 29 декаб анҷом хоҳад дод.
Ҳавопаймо бояд соати 17:20 ба вақти маҳалли фуруд ояд ва пас аз 1 соату 30 дақиқат ба самти Кувайт бозгардад.
Ифтитоҳи парвозҳои мустақим бо кишварҳои рушдёфтаи Халиҷи Форс-Кувайт руйдоди муҳим талақи шуда боиси ҷазби бештари гардишгарон аз ин минтақа ба Тоҷикистон мешавад.
342/